буржуазия — [برژوازيه] фр. синфи ҳукмрони ҷамъияти сармоядорӣ, ки воситаи истеҳсолот дар моликияти хусусии ӯ мебошад ва аз ҳисоби даромади меҳнати кироя умр ба сар мебарад; буржуазияи майда табақае дар ҷамъияти сармоядорӣ, ки воситаи маҳдуди истеҳсолот… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зархарид — [زرخريد] таър. ба пул харидашуда, ғулом ё канизаки харидашуда; ҳуҷраи зархарид таър. ҳуҷраи кироя, ҳуҷраи мадрасаҳои Бухоро, ки одамони пулдор харида, ба талабагони беҳуҷра ба иҷора медоданд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иҷора — [اجاره] а. додани ҷое ё чизе барои истифодаи муваққат ба касе дар бадали музди муайян; кироя; хонаи иҷора, ҳавлии иҷора; иҷора кардан ба музд гирифтани хона, мулк ё чизе барои истифодаи муваққат; ба иҷора гирифтан киро кардан; ба иҷора мондан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иҷоравӣ — [اجاروي] мансуб ба иҷора; ба тариқи кироя, иҷора гирифтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иҷорагир — [اجاره گير] он ки чизе ё ҷоеро ба кироя мегирад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иҷорамонӣ — [اجاره ماني] ба кироя додани ҷое ба касе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иҷоранишин — [اجاره نشين] он ки ҷоеро ба кироя гирифта, дар он иқомат мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иҷорапулӣ — [اجاره پولي] музди кироя, маблағи иҷораи ҷое ё чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
калтакиро — [کلته کرا] ба кироя додани чорпоёни саворӣ барои сафар ё боркашӣ ба масофаи кӯтоҳ; калтакиро кардан чорпои саворӣ ё боркашро муваққатан ба киро гирифтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
капитализм — [کپيتليز] фр. сохти ҷамъиятӣ, ки дар он воситаҳои истеҳсолот моликияти сармоядорон аст ва аз ин рӯ меҳнати кироя истисмор карда мешавад; ниг. сармоядорӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ